Тавқифи чандин контейнери мамлув аз таслиҳоти ғайриқонунӣ дар Кобул
(last modified Wed, 04 Jul 2018 15:10:29 GMT )
Июл 04, 2018 20:10 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи чандин контейнери мамлув аз таслиҳоти ғайриқонунӣ дар Кобул

Фармондеҳии полиси пойтахти Афғонистон аз тавқифи чандин контейнери мамлув аз таслиҳоти ғайриқонунӣ аз як ширкати амниятии хориҷӣ дар Кобул хабар дод.

Генерал Муҳаммад Довуди Амин гуфт, нерӯҳои амниятии Афғонистон ин маҳмулаи бузург аз таслиҳоти ғайриқонуниро тавассути мошинҳои зиреҳии як ширкати амниятии хориҷӣ дар Кобул дар ҳоле, ки ба макони номаълуме дар ҳоли интиқол буд, тавқиф карданд.  

Вай афзуд, як ширкати амниятии хусусӣ аз тариқи сафорати Амрико дар бораи таслиҳоти тавқифшуда бо фармондеҳи полиси Кобул тамос гирифтааст.  

Давлати Афғонистон 2012 фаъолияти ширкатҳои хусусии амниятӣ дар ин кишварро ғайриқонунӣ эълом кард ва масъулияти ширкатҳои амниятии хусусиро ба полис мунтақил кард.

Дар натиҷа садҳо ширкати амниятии хусусӣ дар Афғонистон таътил шуданд ва танҳо чанд ширкати амниятии амрикоии бузург, ки ҳимояти Пентагон ва созмонҳои иттилоотии амрикоро бо худ доштанд, ба фаъолият идома додаанд.