Июл 10, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Такрори изҳороти зиддиэронии вазири хориҷаи Амрико

Вазири хориҷаи Амрико бори дигар зимни такрори мавозеи зиддиэронии давлати Вашингтон, Арабистон ва Иморотро шуракои олии Амрико дар Ховари Миёна унвон кард.

Майк Пампо, вазири хориҷаи Амрико, дар мусоҳиба бо Скай Ниюзи арабӣ, тааҳҳуди давлати Трампро барои маҳдуд кардани гурӯҳҳои муқовимати муттаҳиди Эрон аз ҷумла дар Сурия, Яман, Ироқ ва Лубнон такрор кард.

Пампо дар айни ҳол бори дигар иддао кард, ки ҳадафи Амрико аз таҳрими Эрон, тағйири сиёсати минтақаии Теҳрон аст.

 

Барчасп