Фаронса нахустин финалисти Ҷоми ҷаҳонии 2018 шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36548-Фаронса_нахустин_финалисти_Ҷоми_ҷаҳонии_2018_шуд
Тими миллии футболи Фаронса бо бартарӣ муқобили Белгия ба финали Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия сууд кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 11, 2018 15:16 Asia/Dushanbe
  • Фаронса нахустин финалисти Ҷоми ҷаҳонии 2018 шуд

Тими миллии футболи Фаронса бо бартарӣ муқобили Белгия ба финали Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия сууд кард.

Дидори тимҳои милли футболи Фаронса ва Белгия дар марҳалаи ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии Русия сешанбе шаб дар варзишгоҳи Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, ки бо пирӯзии як бар сифри Фаронса ҳамроҳ буд.

Самуел Ометти дар дақиқаи 51 барои Фаронса гулзанӣ кард.