Июл 11, 2018 16:02 Asia/Dushanbe
  • Вуруди пайкарҳои мутаҳҳари 60 шаҳиди дифои муқаддас ба Эрон

Пайкарҳои мутаҳҳари 60 шаҳиди даврони дифои муқаддас имрӯз ба кишвар ворид шуд.

Пайкарҳои поки ин шуҳадо имрӯз бо анҷоми ташрифоти хос аз марзи Хисравӣ вориди хоки Эрон шуд.

Фармондеҳи кумитаи ҷустуҷуи мафқудони ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ гуфт: Бештари ин шуҳадои тозатафаҳҳусшуда аз артишиёни ҷумҳурии исломии Эрон ва теъдоде дигар ҳам марбут ба нерӯҳои басиҷ ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст, ки дар қиболи таҳвили пайкарҳои мутаҳҳари ин шаҳидон, аҷсоди 80 ироқӣ низ ба масъулони ин кишвар таҳвил дода шуд.