Таълиқи размоиши Балтика ваъдаи эҳтимолии Трамп ба Путин аст
(last modified Sat, 14 Jul 2018 14:31:38 GMT )
Июл 14, 2018 19:31 Asia/Dushanbe
  • Таълиқи размоиши Балтика ваъдаи эҳтимолии Трамп ба Путин аст

Як шабакаи хабарии амрикоӣ, аз ваъдаи эҳтимолии Доналд Трамп ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои таълиқи размоишҳои Вашингтон дар минтақаи Балтика хабар дод.  

CNN дар остонаи мулоқоти руасои ҷумҳури Амрико ва Русия, ки қарор аст 16 июл дар Ҳелсинки, пойтахти Финляндия баргузор шавад, эълом кард: Доналд Трамп мумкин аст, дар сурати дархости Владимир Путин, ҳамтои руси худ, размоиш дар минтақаи Балтикаро таълиқ кунад. .

CNN эълом карда, ки контроли таслиҳот ва муноқиша дар Сурия аз мавзуоти дастури кори ин дидор аст.

Дар гузориши CNN омадааст, ин мавуот метавонад иттиҳоми мудохилаи Русия дар интихоботи 2016 раёсатҷумҳурии Амрико, суқути ҳавопаймои мусофирбарии Малайзия дар соли 2014 дар Украина ва масмум шудан ҷосусҳои собиқи Русия дар Британия бо сами аъсоб, ки Маскав тамомии онҳоро рад кардааст, бошад.

 

Барчасп