Июл 15, 2018 11:04 Asia/Dushanbe
  • Эъдоми се зани узви ДИИШ дар Афғонистон аз сӯи Толибон

Гурӯҳи Толибон се зани узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Афғонистон эъдом карданд.

Ба гузориши хабаргузории Русия-ал-явм, артиши Афғонистон дар баёнияе эълом кард, аъзои гурӯҳи Толибон се зани узви гурӯҳи террористии ДИИШ шаҳрвандони Чеченистон ва Узбакистонро дар вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон, тирборон карданд ва куштанд.

Ахиран даргирии байни неруҳои ДИИШ ва Толибон дар манотиқи мухталифи Афғонистон ташдид шудааст.

Дар ҷадидтарини ин даргириҳо дар вилояти Ҷузҷон, 37 нафар аз аъзои ДИИШ ва Толибон кушта шуданд.

 

Барчасп