Июл 15, 2018 16:41 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои як вазири британияӣ дар паи расвоии ахлоқӣ

Вазири касбу корҳои кӯчаки Британия ба далели ирсоли паёмакҳое бо мазмуни ғайриахлоқӣ ба ду зан, аз симмати худ истеъфо кард.

Эндрю Гриффитс, вазири касбу корҳои кӯчаки Британия, ки пештар раиси ситоди Тереза Май, нахуствазири ин кишвар буд, бо эътироф ба амали ғайриахлоқии худ аз нахуствазир ва давлати Британия узрхоҳӣ кард.

Гриффитс ба ирсоли беш аз 2000 паёми ғайриахлоқӣ ба ду зан дар бозаи замонии се ҳафта муттаҳам шудааст.

Ин вазири 47 сола гуфт, ки ҳаргиз намехоҳад, рафтори худро тавҷеҳ кунад ва умедвор аст, битавонад дубора эътимоди мардумро ба даст оварад.

 

Барчасп