Июл 18, 2018 12:53 Asia/Dushanbe

Нахустин масҷиди варзишгоҳӣ дар сатҳи ҷаҳон мавриди баҳраварӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз сомонаи интернетии бошгоҳи футболи Бавария, ин масҷиди ихтисосӣ ба ҳиммати тими футболи Бавария Мюнхени Олмон, ки аз ҷумлаи пурифтихортарин тимҳои футболи ҷаҳон аст, барои тамошогарон ва футболбозони мусулмон сохта шудааст.

Сохти ин масҷид, ки дар канори бинои аслии идораи тим дар варзишгоҳи Алянс Арена қарор дорад аз соли 2013 оғоз шуд ва ба тозагӣ дарҳои худро бар руи намозгузорон ва гардишгарон боз кардааст.

Гуфта мешавад эдеяи сохти масҷид пас аз дархости Франк Рибери футболбози фаронсавӣ ва мусулмони бошгоҳи Бавария Мюнхен аз мудирияти бошгоҳ ҷиҳати ихтисоси як утоқак барои адои намоз ба вуҷуд омад.

Бошгоҳи Бавария дар вокуниш ба дархости Рибери, ки пас аз гароиш ба дини мубини Ислом, номи Билол Юсуф Муҳаммад-ро барои  худ интихоб кардааст иқдом ба сохти ин масҷиди калон карда ва 85 дарсади ҳазинаи сохти ин макони ибодиро пардохтааст.

15 дарсади ҳазинаи боқимондаи сохти масҷидро ҳам футболбозони тим ва тамошогарон бо ҳадафи хушнудӣ ва ризояти Худованд пардохт кардаанд.

Дар ин масҷид илова бар барпоии намозҳо, нишастҳои илмӣ ва ахлоқӣ низ баргузор хоҳад шуд.