Июл 19, 2018 09:09 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳури собиқи Афғонистон бар шикасти роҳбурди низомии Амрико

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз стратегияи нокому шикасти роҳбурди низомии Амрико дар ҷанги 17-сола дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ҳомид Карзай рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба ҷойи маҳори ноамниҳо дар Афғонистон боиси ташдиди ҷанг дар ин кишвар шудааст ва мардуми Афғонистон аз ин вазъият ранҷ мебаранд. Раисҷумҳури собиқи Афғонистон таъкид кард, Амрико ва Покистон омили тӯлонӣ шудани ҷанг дар Афғонистон ҳастанд, зеро онҳо хоҳони барқарории сулҳу таъмини амният дар ин кишвар нестанд. Ҳомид Карзай гуфт, мардуми Афғонистон аз ҷанг хаста шудаанд ва хурӯҷи ишғолгарон танҳо роҳи поёни ҷанг, куштор ва таъмини амнияти ин кишвар аст.Пеш аз ин низ намояндагони маҷлиси Сенати Афғонистон таъкид карда буданд, ки мардум аз ҷанг хастаанд, Амрико ва НАТО ба ҷойи ташдиди ҷанг дар ин кишвар бояд ба фикри поёни он бошанд.

Амрико ва НАТО дар ҳоле ба идомаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон таъкид мекунанд, ҳузури онҳо боиси идомаи ҷанг дар Афғонистон шудааст ва бузургтарин монеъ дар баробари барқарории сулҳ маҳсуб мешавад. Гурӯҳи Толибон низ борҳо хотирнишон кардааст, ки дар сурати хурӯҷи низомиёни хориҷӣ ин гурӯҳ ҷанг бо давлати Афғонистонро мутаваққиф хоҳад кард, зеро ишғолгарон омили идомаи ҷанг дар ин кишвар ҳастанд.