Ифшои шиканҷаи фарзандони муҳоҷирон дар Амрико
Расонаҳои амрикоӣ аз шиканҷаи фарзандони муҳоҷирони боздоштшуда дар ин кишвар парда бардоштанд.
Рӯзномаи “Ҳафингтон пост” рӯзи чаҳоршанбе гузорише аз бакоргирии шиканҷаҳое монанди нӯшонидани оби ҳоҷатхона ва бараҳна кардани иҷбории фарзандони муҳоҷирони боздоштшуда баъд аз ҷудоии онҳо аз волидонашон мунташир кард. Бар асоси ин гузориш, як вакил ба “Ҳафингтон пост” гуфт: “Рафторҳое, ки бо ин кӯдакон анҷом шуда, муодили шиканҷа ҳастанд ва шоҳиди бакоргирии сиёсати гуруснагии иҷборӣ, ташнагии иҷборӣ, бехобии иҷборӣ ҳамроҳ бо тавҳинҳо ва озорҳои физикӣ ҳастем”.
Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” низ рӯзи сешанбе дар гузорише ба шарҳи озорҳои ҷинсӣ алайҳи муҳоҷирзанони боздоштшуда дар марокизи боздошти онҳо пардохтааст. Бар асоси ин гузориш, додаҳои дафтари бозрасии кулли Вазорати амнияти дохилии Амрико нишон медиҳад, ҳазорон муҳоҷир тайи 10 соли гузашта дар замони боздошташон мавриди сӯистфодаи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.
Ин оморҳо нишон медиҳанд, дар солҳои 2013-2017 ҳудуди 1310 мавриди сӯистифодаи ҷинсӣ алайҳи муҳоҷирони боздоштшуда гузориш шудааст.
Сахтгириҳо ва маҳдудиятҳои давлати Амрико алайҳи муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо бо интиқодоти густурдае мувоҷеҳ шудааст.
Сиёсати Трамп бо номи "таҳаммули сифр", ки бар асоси он кӯдакони муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва хонаводаҳои онҳо ҷудо аз ҳам боздошт мешаванд, дар рӯзҳои ахир бо эътирозоти густурдае мувоҷеҳ шудааст.