Июл 20, 2018 18:02 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Чин омодаи таҳрими колоҳои амрикоӣ ҳастанд

Бар асоси охирин назарсанҷии анҷомшуда, аксари мардуми Чин бо таваҷҷуҳ ба ҷанги тиҷорӣ, ки Амрико алайҳи ин кишвар оғоз кардааст, омодаанд, хариди колоҳои амрикоиро таҳрим кунанд.

Ба гузориш Раша-Тудей, ба гузориши Маркази таҳқиқоти маҳрамонаи Файненшл Таймс, аксари мардуми Чин эҳтимолан бо таваҷҷуҳ ба ҷанги таърифа, ки Амрико алайҳи ин кишвар оғоз кардааст, хариди колоҳои амрикоиро таҳрим кунанд.

Натоиҷи ин таҳқиқ нишон медиҳад, 54 дарсади мардуми Чин, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат карданд, эълом карданд, ки эҳтимолан ё ба таври қатъӣ хариди колоҳои Амрикоиро мутаваққиф мекунем.

 Танҳо 13 дарсади ин афрод, ки ҳудуди 2 ҳазор нафар будаанд, эълом карданд, ки омодагии таваққуфи хариди колоҳои амрикоиро надоранд. 33 дарсади дигар низ гуфтанд, ки ё колоҳои амрикоӣ намехранд ва ё дар ин бора ибрози тардид карданд.

Ин назарсанҷи дар 300 шаҳри Чин бо мушорикати ҳудуди 20 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар анҷом шудааст.

Таҳқиқоти анҷомшуда нишон медиҳад, мардуме, ки қасд доранд хариди колоҳои чиниро мутаваққиф кунанд, аз афроди бо даромади поинтар аз мутавассит ва ғолибан зери 29 сол будаанд ва хориҷ аз шаҳрҳои бузурги ин кишвар зиндагӣ мекарданд.

Ин таҳқиқ зарфи муддати 13 рӯз анҷом шуда ва дар замоне шакл гирифтааст, ки Амрико ҳанӯз таърифаи 25-дарсадӣ бар воридоти 34 миллиарддолларии коло аз Чинро иҷроӣ накарда буд.

 Ин масъала боис шуд то ба фосилаи чанд соат Чин низ иқдоми мушобеҳеро алайҳи колоҳои амрикоӣ нишон диҳад. Албатта давлати Чин ҳанӯз аз мардуми ин кишвар нахостаанд, то хариди колоҳои амрикоиро таҳрим кунанд.