Мухолифат ва норизоятии Туркия аз Амрико барои бозгардондани таҳримҳо зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36761-Мухолифат_ва_норизоятии_Туркия_аз_Амрико_барои_бозгардондани_таҳримҳо_зидди_Эрон
Раиси Иттиҳодияи утоқҳои бозаргонӣ ва бурсҳои Туркия аз норизоятӣ ва мухолифати ин кишвар аз тасмими мақомоти Амрико барои бозгардондани дубораи таҳримҳо зидди Эрон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 20, 2018 19:44 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат ва норизоятии Туркия аз Амрико барои бозгардондани таҳримҳо зидди Эрон

Раиси Иттиҳодияи утоқҳои бозаргонӣ ва бурсҳои Туркия аз норизоятӣ ва мухолифати ин кишвар аз тасмими мақомоти Амрико барои бозгардондани дубораи таҳримҳо зидди Эрон хабар дод.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории Анатолӣ, Рафъат Ҳисор Ҷиклиуғлу дар дидори ҳайати Вазорати хазонадории Амрико дар Анқара, бо ибрози норизоятӣ аз таъсироти манфии таҳримҳои Амрико зидди Эрон гуфт: тасмими мақомоти Амрико барои бозгардондани дубораи таҳримҳо зидди Эрон, ба зарари Туркия хоҳад буд.

Раиси Иттиҳодияи утоқҳои бозаргонӣ ва бурсҳои Туркия тасреҳ кард, Эрон аз муҳимтарин шарикони тиҷории он кишвар дар минтақа ва аз таъминкунандагон аслии энержии Туркия аст.

Ҷиклиуғлу дар ин дидор гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин яке аз кишварҳои транзитӣ барои колоҳои содиротии Туркия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс аст.

Раиси Иттиҳодияи утоқҳои бозаргонӣ ва бурсҳои Туркия бо ишора ба ҳимояти давлати Анқара аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ва густариши равобити тиҷории Туркия бо Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз имзои ин тавофуқнома афзуд, бозгашти дубораи таҳримҳои Амрико зидди Эрон хилофи меъёрҳои байналмилалӣ аст.