Июл 23, 2018 19:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия барои ифшои садҳо омили ғайрирасмии Амрико

Муовини намояндаи доими Русия дар Созмони милал дар вокуниш ба иттиҳоми ҷосусӣ ба табааи зани русӣ дар Амрико гуфт, Маскав низ метавонад асомии садҳо омили ғайрирасмии амрикоиро дар Русия фош кунад.

Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи доими Русия дар Созмони милал гуфт, дар Русия садҳо авомили ҷосусии ғайрирасмӣ аз тарафи Амрико фаъолият доранд.

Вай дар саҳифаи худ навишт: Ба назар мерасад лозим бошад, то дар Русия низ ба дунболи шиносоӣ ва эъломи асомии омилини ғайрисабтшудаи амрикоӣ буд.

 

Барчасп