Июл 24, 2018 11:41 Asia/Dushanbe
  • Дархости Шӯрои амният аз Трамп ва Рӯҳонӣ

Раиси Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз раисҷумҳурҳои Амрико ва Эрон хост, аз таниши лафзии расонаӣ худдорӣ кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, Олоф Скуг (Olof Skoog), раиси Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи Шветсия дар ин созмон аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон хост, аз радду бадал кардани иттиҳомҳои лафзӣ алайҳи якдигар худдорӣ кунанд ва ба танишҳои минтақа наафзоянд. Скуг дар посух ба саволе дар ҳамин замина ба хабарнигорон гуфт, табодули иттиҳомот аз тариқи расонаӣ байни раисҷумҳурҳои Эрону Амрико нигаронкунанда аст. Ӯ таъкид кард, ки дар ҷаласаи фардои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ин мавзӯъ баҳс хоҳад шуд.

Пас аз моҳҳо иттиҳомзанӣ ва таҳдиди Трампу дигар мақомоти давлати Амрико алайҳи Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар посух ба ин таҳдидҳо ба Трамп ҳушдор дод, бо думи шер бозӣ накунад. Ин суханони Рӯҳонӣ бо вокуниши твиттерии Трамп дар ҳамон рӯз мунҷар шуд ва ӯ низ дар твиттери худ хитоб ба Рӯҳонӣ навишт: «Дигар ҳеҷ вақт Иёлоти Муттаҳидаро таҳдид накун, вагарна бо авоқибе мувоҷеҳ мешавӣ, ки мушобеҳи он қаблан бар сари иддаи ангуштшуморе дар таърих омадааст». Ин изҳороти Трамп низ ба посухи мақомҳои Эрон ва вокуниши расонаии густурда дар саросари ҷаҳону Эрон рӯ ба рӯ шуд.