Тарҳи давлати Кобул барои ташкили нерӯҳои мусаллаҳи қавмӣ
Июл 24, 2018 19:34 Asia/Dushanbe
Сухангуи Вазорати дифои Афғонистон аз талоши давлати Ашраф Ғанӣ барои мусаллаҳ кардани ақвоми ин кишвар ба манзури муқобила бо террористҳо хабар дод.
Муҳаммади Родманиш гуфт: Давлати Афғонистон қасд дорад, бо ташкили 36 ҳазор нафар аз низомиёни бознишаста, манотиқи таҳти тасарруфи мухолифон дар шарқи Афғонистонро озод ва манотиқи бозгирифта шударо низ муҳофизат кунад.
Дар ин тарҳ қарор аст, нерӯҳои маҳаллӣ аз ақвоми тоҷик, паштун, ҳазора ва узбак алайҳи мухолифони мусаллаҳ шаванд ва дар манотиқе истиқрор ёбанд, ки барои давлат аз аҳаммияти роҳбурдӣ бархурдор бошад.