Иддаоҳои ҳуқуқибашарии Пампео алайҳи Эрон
Вазири умури хориҷаи Амрико дар идомаи изҳороти зиддиэрониаш, ин кишварро ба нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои мазҳабӣ муттаҳам кард.
Ба гузориши рӯзномаи “Ю Эс Эй Тудей”, Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико бо ҳимоят аз як қотили омили ошӯбҳои чанд моҳи гузашта дар Эрон, ин кишварро ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ муттаҳам кард.
Ҳамчунин дар ҳоле, ки Доналд Трамп бо судури як фармони иҷроӣ, ба манъи вуруди мусалмонҳо ба хоки Амрико иқдом кардааст, Пампео муддаӣ шуд, раисҷумҳурии Амрико дар ҳоли иқдом барои муҳофизат аз озодиҳои мазҳабӣ дар саросари дунё аст.
Давлати Амрико ба унвони яке аз бузургтарин ноқизони ҳуқуқи башар ва баробариҳои нажодӣ, ҳамвора бо дастовез қарор додани озодиҳои мазҳабӣ ва иҷтимоӣ, мекӯшад аз ин мавзӯҳо барои эъмоли фишор бар кишварҳои мухолифи худ, сӯиистифодаи сиёсӣ кунад.