Июл 25, 2018 16:12 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Созмони ҳамкории исломӣ аз тасмими зидди исломии ҳизби Нидерланд

Созмони ҳамкории исломӣ бо судури баёнияе тасмими зидди исломии ҳизби ифротгарои нидерландиро маҳкум кард ва онро нажодпарастона хонд.  

Юсуф ибни Аҳмад Алъасимин, дабири кулли Созмони ҳамкори исломӣ дар иттилоияе, ки дар пойгоҳи иттилоърасонии ин созмон мунташир шуд, аз барпоии мусобиқаи карикатура дар Нидерланд бо мавзуи паёмбари ислом (с) ба шиддат ибрози нигаронӣ кард.

Алъасимин дар баёнияи худ баргузории ин мусобиқаи таҳрикомезро пошидани базри нафрат миёни пайравони адёни мухталиф донист ва афзуд: Дар ҳоле, ки тамоми ҷаҳон бо ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм мувоҷеҳ аст ва ниёз ба сулҳ, гуфтугӯ ва таҳаммул дорад, замони он аст, ки абзори қонунии лозим барои эҳтиром ба ҳамаи адён ва ҷилавгирӣ аз нажодпарастӣ, табъиз, нафрати мазҳабӣ эҷод шавад.