Июл 25, 2018 20:19 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз Амрико

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон эълом кард, ҳеҷ кишваре наметавонад ба намояндагӣ аз тарафи Кобул бо Толибон гуфтугӯ кунад.

Саидэҳсонуллоҳи Тоҳирӣ, сухангуи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гуфт, Амрико наметавонад ба намояндагӣ аз мардум ва давлати Афғонистон дар бораи сулҳ бо Толибон музокира кунад.

Вай афзуд: Мардуми Афғонистон хоҳони поён ёфтани ҷанг ва барқарории сулҳ ва амният ҳастанд ва оромиш ва амният ҳаққи мардуми Афғонистон аст.