Июл 26, 2018 18:52 Asia/Dushanbe

Вазорати хориҷаи Чин аз дастгирии омили инфиҷори бомб муқобили сафорати Амрико дар Пекин хабар дод.

Вазорати хориҷаи Чин эълом кард, нерӯҳои амниятии ин кишвар омили инфиҷори як бомб дар муқобили сафорати Амрико дар Пекин, пойтахти Чинро шиносоӣ ва боздошт карданд.

Вазорат дар баёнияи худ омили ҳамла ба сафорати Амрико дар Пекинро 26 сола аҳли минтақаи худмухтори Муғулистони дохилӣ дар шимоли ғарби Чин муаррифӣ карда, аммо ба ҷузъиёти бештаре дар бораи ҳуввияти ӯ ишора накардааст.