Июл 27, 2018 19:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости Русия аз оворагони сурияӣ барои бозгашт ба кишварашон

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Сурия аз оворагони сурияӣ хост ба кишварашон бозгарданд.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), Александр Лаврентев намояндаи вижаи Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия дар умури Сурия рӯзи панҷшанбе пас аз дидор бо Мишел Оун раиси ҷумҳур ва Саъд Ҳарирӣ нахуствазири Лубнон гуфт: Ҳеҷ таҳдиде аз сӯи давлати Башшор Асад раиси ҷумҳури Сурия ё дастгоҳҳои амниятии ин кишвар барои оворагони сурияӣ вуҷуд нахоҳад дошт.

Лаврентев тасреҳ кард, сурияиҳо ба ҳимояти давлат ва дастгоҳҳои амниятӣ итминон доранд ва ба манотиқи худ, ки таҳти контроли давлат аст, бозмегарданд.

Мишел Оун низ пас аз дидори Лаврннтев дар баёнияе эълом кард, Бейрут аз ибтикори амали Русия барои бозгардондани оворагони сурияӣ ба кишварашон истиқбол мекунад ва раиси ҷумҳурии Лубнон омодаи ироаи кумакҳои лозим ба манзури иҷрои пешниҳодҳои Русия дар ин замина аст.

 Лубнон дар ҳол ҳозир мизбони беш аз якуним миллион овораи сурияӣ аст ва дархостҳо дар ин кишвар барои бозгашти оворагон ба кишварашон бо таваҷҷуҳ ба беҳбуди шароити амниятии Сурия афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп