Баҳрабардории Арабистон аз масъалаи ҳаҷ
Июл 28, 2018 15:19 Asia/Dushanbe
Арабистон пас аз нокомиҳои густарда дар Сурия, Ироқ ва Яман ва низ расвоии ҳимоятҳои молӣ-таслиҳотӣ аз террористҳои такфирӣ, ҳаргуна нишасти ҳоҷиён дар бораи масоили сиёсӣ аз ҷумла мавзуоти Яман ва Фаластинро мамнуъ кард.
Аъзои Шӯрои амниятӣ ва сиёсии саудиҳо бо баргузории нишасте ба раёсати Муҳаммад бен Салмон ибни Абдулазиз, валиаҳди Саудӣ дар Ҷидда ва бо баррасии таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, нишасти ҳоҷиён дар бораи масоили сиёсӣ аз ҷумла мавзуоти Яман ва Фаластинро мамнуъ карданд.
Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқӣ, Арабистон ҳаҷро дар ростои сиёсатҳои хоссе пеш мебарад ва ин нақзи қонуни байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсонҳо аст.
Барчасп