Июл 28, 2018 17:57 Asia/Dushanbe
  • Тупи эҳдоии Путин ба Трамп ҳомили тарошаи иттилоот буд

Тупи футболи ширкати Адидас, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар конфронси муштарак дар Ҳелсинкии Финляндия ба Доналд Трамп, ҳамтои амрикоиаш эҳдо кард, ҳовии як тарошаи интиқоли иттилоот аз телефонҳои ҳамроҳи наздик будааст.  

Ин тароша як абзори ҷосусӣ нест, балки як василаи таблиғотии тупҳои ҳушманди ширкати Адидас аст.

Тасовире аз конфронси хабарии муштараки Путин ва Трамп, ки лаҳзаи таҳвили ин туп ба Трампро ба намоиш мегузорад, нишон медиҳад, ки ин туп ҳовии логотипи иртиботот аз майдони наздик (nfc) аст.