Ҷон бохтани 27 нафар бар асари шиддати гармо дар Кореяи Ҷанубӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36997
Маркази контрол ва пешгирии бемориҳои Кореяи Ҷанубӣ аз ҷон бохтани 27 нафар дар ин кишвар бар асари гармои шадид хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 30, 2018 16:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 27 нафар бар асари шиддати гармо дар Кореяи Ҷанубӣ

Маркази контрол ва пешгирии бемориҳои Кореяи Ҷанубӣ аз ҷон бохтани 27 нафар дар ин кишвар бар асари гармои шадид хабар дод.

Ин 27 нафар дар як ҳафтаи ахир бар асари гармоии шадид дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҷон бохтаанд.

Шиддати ҳарорат ва дамои болои ҳаво дар ҳафтаи гузашта дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунин боиси бемории беш аз ду ҳазор нафар шудааст, ки дар бемористонҳо дар ҳоли дармон ҳастанд.