Оғози даври даҳуми музокироти сурии Остона дар Сочии Русия
Июл 30, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
Даҳумин даври музокироти сурии Остона дар шаҳри Сочии Русия оғоз шуд.
Музокироти рӯзи душанбе низ монанди давраҳои қаблӣ ба сарпарастии Эрон, Русия ва Туркия се кишвари ҳомии сулҳи Сурия баргузор мешавад.
Ин музокирот бо дидори Александр Лаврентев, намояндаи раисҷумҳури Русия дар Сурия ва Сергей Вершинин, муовини вазири хориҷаи Русия бо Стефан де Мистура, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милал дар Сурия оғоз шуд.