Июл 31, 2018 11:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти низомии ду Корея

Дар идомаи талошҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ барои коҳиши танишҳо дувумин даври музокироти низомии ду кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузори “Юнҳап”-и Кореяи Ҷанубӣ, ин музокироти дуҷониба субҳи имрӯз  дар минтақаи марзии Панмунҷоми Кореяи Ҷанубӣ оғоз шудааст. Генерал Ким До Гиун, раёсати ҳайати панҷнафараи Кореяи Ҷанубӣ ва генерал Ан Ик Сан низ раёсати ҳайати Кореяи Шимолиро бар уҳда доранд.

Ким До Гиун пеш аз оғози ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, тарафайн тамоми талоши худро дар ин нишаст барои коҳиши танишҳои низомӣ ва эҷоди эътимод байн ду Корея ба кор мегиранд. Ӯ афзуд, ду тараф дар ин нишаст мусавваботи ҷаласаи қаблӣ ва ҳамчунин мусаввабот ва баҳсҳои иҷлоси сарони бахши низомии тавофуқномаи 27-уми апрели соли 2018 ба манзури коҳиши танишҳои низомӣ ва шаклгирии сулҳ дар шибҳиҷазираи Кореяро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Мун Ҷае Ин ва Ким Ҷонг Ун, сарони ду Корея аввалин бор пас аз 70 сол дар рӯзи 27-уми апрели соли 2018 дар минтақаи марзи Панмунҷом, мавсум ба "хонаи сулҳ" тавофуқ карданд, то ҷанг ба муоҳидаи сулҳ табдил шавад ва ба ҳар иқдоми хасмона алайҳи якдигар поён диҳанд.