Садоҳои мутаноқиз аз Вашингтон дар мавриди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37018-Садоҳои_мутаноқиз_аз_Вашингтон_дар_мавриди_Эрон
Ҳанӯз ду соат аз суханони раиси ҷумҳурии Амрико дар мавриди омодагӣ барои музокироти бидуни шарти ин кишвар бо Эрон нагузашта буд, ки вазири хориҷаи Амрико бо нақзи мавозеи раиси худ, барои музокира бо Эрон шарт гузошт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 31, 2018 13:27 Asia/Dushanbe
  • Садоҳои мутаноқиз аз Вашингтон дар мавриди Эрон

Ҳанӯз ду соат аз суханони раиси ҷумҳурии Амрико дар мавриди омодагӣ барои музокироти бидуни шарти ин кишвар бо Эрон нагузашта буд, ки вазири хориҷаи Амрико бо нақзи мавозеи раиси худ, барои музокира бо Эрон шарт гузошт.

Майк Пампео соате пас аз конфронси матбуотии Доналд Трамп бо нахуствазири Италия дар Кохи Сафед, дар мусоҳибае тағйири рафтори давлати Эрон бо мардуми ин кишвар, тағйири рафтор дар сиёсатҳои минтақаӣ ва эъломи мувофиқат барои худдорӣ аз густариши таслиҳоти атомиро шартҳои сегонаи дидори Трамп бо мақомоти аршади давлати Эрон баршумурд. Ин дар ҳолест, ки Трамп ошкоро дар баробари даҳҳо хабарнигор ва дар посух ба суоле гуфт: “Албатта, ки ҳозирам бо онҳо мулоқот кунам. Ҳар вақт, ки бихоҳанд. Намедонам онҳо омода бошанд. Ҳеҷ пешшарте надорем. Ҳар вақт бихоҳанд. Ҳам барои онҳо хуб аст, ҳам дунё”.

Аввалин нуктае, ки аз суханони раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Амрико истихроҷ мешавад, ин аст, ки дар Вашингтон ҳамсадоӣ дар мавриди наҳваи рӯёрӯӣ бо Эрон ва музокира бо ин кишвар вуҷуд надорад. Ба назар мерасад, Трамп музокира бо Эронро фақат ба хотири намоишҳои телевизионии он мехоҳад. Он гуна ки дар мавриди дидор бо раҳбари Кореяи Шимолӣ анҷом дод. Дар ҳоле, ки дастгоҳи дипломатии Амрико, ки бо омадани Пампео беш аз ҳар замони дигаре дар ихтиёри гурӯҳои ифротӣ ва тундрав қарор гирифтааст, аҳдофи бештареро, аз ҷумла дахолат дар умури дохилии Эрон, талош барои бедифоъ сохтани миллати Эрон ва ниҳоятан қарор додани низоми сиёсии Эрон дар остонаи фурӯпошӣ, дунбол мекунад.

Зимни ин ки ҳар гуна гуфтугӯ ва музокира ба ҳаддиақалҳое назири асли эҳтироми дутарафа ё мутақобил, асли инкори таҳдид ва асли эътимод ниёз дорад. Дар ҳоле, ки ба таври куллӣ давлатҳои мухталифи Амрико дар чиҳил сол ва ба таври хос – давлати кунунии ин кишвар ба раёсати Доналд Трамп ба ҳеҷ як аз ин усул пойбанд набудаанд ва нестанд. Давлати Амрико ҳамвора бидуни мадрак ва далел Эронро ҳомии терроризм ва поймолкунандаи ҳуқуқи башар муаррифӣ кардааст ва ҳатто як бор низ Трамп миллати Эронро миллате террористпарвар хонд. Ҳамчунин раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳоле аз музокироти бидуни шарт бо Эрон сухан ба миён овардааст, ки тайи рӯзҳо ва ҳаддиаксар се моҳи оянда, таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон аз сар гирифта мешавад.

Давлати Амрико умедвор аст, дар ҳоле ки аслиҳаро бар рӯйи шақиқа (баногӯш)-и миллат Эрон гузоштааст, эрониҳо ба музокира зери тарсу таҳдид тан диҳанд. Дар сурате, ки ҳатто бархе аз сиёсатмадорони амрикоӣ низ муассир будани ин сиёсати таҳдидомезро рад кардаанд.

Венди Шерман, муовини собиқи вазири умури хориҷаи Амрико ва раиси ҳайати музокиракунандаи ин кишвар дар даврони музокироти ҳастаӣ бо Эрон мавсум ба БарҶом мегӯяд, эрониҳо фарҳанги муқовимат доранд ва ҳар гуна кӯтоҳ омадан аз ҳуқуқашон дар баробари фишорҳоро таслим талаққӣ мекунанд.

Саранҷом ин ки ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки тавофуқи эҳтимолии Эрон бо давлати Доналд Трамп аз сӯйи раиси ҷумҳурии баъдии Амрико нодида гирифта нашавад. Ҳамон гуна, ки Трамп бо тавофуқи ҳосилшуда миёни Эрон ва давлати Амрико ба раёсати ҷумҳурии Барак Абама анҷом дод.

Аз ин рӯ, то замоне, ки амрикоиҳо эҳтиром ба миллати Эронро дар пеш нагиранд, даст аз сиёсати таҳдид барнадоранд ва иқдомоте дар ҷиҳати эътимод ба тасмимоти давлати худ анҷом надиҳанд, дархостҳои намоишии онон барои музокира бо Эрон, дар Теҳрон шунавандае нахоҳад дошт.