Июл 31, 2018 13:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори куштаҳои инфиҷор дар Филиппин

Шумори куштаҳои инфиҷори як худрави бомбгузоришуда дар Филиппин ба 11 нафар расид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асари инфиҷори як мошини бомбгузоришуда дар постгоҳи бозрасии шаҳри Басилан, ҷануби Филиппин панҷ низомӣ ва чаҳор ғайринизомӣ, аз ҷумла як модару фарзандаш кушта шуданд. Пеш аз ин манобеи хабарӣ аз кушта шудани шаш нафар хабар дода буданд.

Сухангӯи Родриго Дутерте, раисҷумҳури Филиппин бо ишора ба ин ки ҳанӯз ҳадафи ин бомбгузорӣ мушаххас нест, гуфт, Манила ин инфиҷорро ҷурми ҷангӣ медонад.

Террористҳои вобаста ба ДИИШ дар Филиппин (гурӯҳи террористии Абусайёф) дар Басилан мустақар ҳастанд. Пештар низ ин шаҳр маҳалли иқомати амири собиқи ДИИШ дар ҷанубу шарқи Осиё буд, ки соли гузашта кушта шуд.