Август 01, 2018 20:08 Asia/Dushanbe
  • Акси шифобахши вазири хориҷаи Русия!

Вазорати хориҷаи Русия дар ҳисоби Фейсбуки худ бо интишори аксе аз Сергей Лавров навишт, ки ин акс хосияти шифобахшӣ дорад!

Дар ҳисоби расмии Вазорати хориҷаи Русия дар Фейсбук аксе аз Сергей Лавров мунташир шудааст, ки ӯро дар ҳоли лабханд задан нишон медиҳад.  

Вай дар ин акс бар шонаи худ парчами серанги Русияро ҳамл мекунад ва дар пасзаминаи акс осмони обӣ дида мешавад.

Ба навиштаи вазорат, ин акс асари шифобахшӣ дорад ва метавон онро ба манотиқи бемори ин сайёра гузошт, то дармон шаванд!

Нависандагони ин пост афзудаанд, ки гузоштани як акси фаврии Лавров дар бархи аз маконҳои ҷуғрофиёӣ сабаби ҷингирӣ дар он манотиқ мешавад.