Амрико, дувумин олояндаи обу ҳаво дар ҷаҳон
Август 02, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
Натоиҷи як гузориши густарда нишон медиҳад, Амрико пас аз Чин бузургтарин олояндаи обу ҳаво дар ҷаҳон аст.
Дар гузориши солонаи анҷумани ҳавошиносии Амрико ва идораи миллии таҳқиқоти уқёнусӣ ва ҷавӣ омадааст, дар 2017 яъне ҳамон соле, ки раисҷумҳури Амрико тасмим гирифт, аз тавофуқи обу ҳавои Париж хориҷ шавад, шароити иқлимии ҷаҳон рӯ ба уфул гузошт.
Ин гузориш, ки онро 450 донишманд аз беш аз 60 кишвари ҷаҳон навиштаанд, меафзояд, пас аз онки Трамп, тағйироти иқлимиро фиребкории чиниҳо хонд ва аз паймони обу ҳавои Париж хориҷ шуд, иқдом ба коҳиши ҳарчи бештари маҳдудиятҳои зистмуҳитӣ кард.
Барчасп