Август 03, 2018 20:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Мугарини бар азми Иттиҳодияи Аврупо барои густариши ҳамкорӣ бо Эрон

Масуъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, бо вуҷуди таҳримҳои Амрико зидди Теҳрон, Иттиҳодияи Аврупо мусаммам ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Федерико Мугаринӣ рӯзи ҷумъа дар Донишгоҳи Нанянги Сингапур, иқдоми Амрико дар хуруҷ аз БАРҶОМ-ро нақзи тааҳҳудоти байналмилалӣ аз сӯи ин кишвар хонд.

Ӯ тасреҳ кард, ростиозмоиҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) ҳамвора пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташ дар тавофуқи ҳастаиро таъйид кардааст.

Мугарини ҳамчунин имрӯз бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё (ASEAN) дар Сингапур бо якдигар дидор карданд.

Зариф ва Мугарини дар ин дидор дар хусуси охирин таҳаввулот ва иқдомоти анҷомшуда дар сатҳи Иттиҳодияи Аврупо ва ҷаҳон барои баҳрамандии Эрон аз мазоёи БАРҶОМ пас аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз ин тавофуқ, ройзанӣ карданд.