Август 04, 2018 17:12 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани чаҳор низомии амрикоӣ дар шимоли Афғонистон

Дар ҳамлаи аъзои Толибон ба корвони низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико дар вилояти Парвон дар шимоли Афғонистон шаш низомии амрикоӣ кушта шуданд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангуи Толибон дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои ин гурӯҳ ҷумъа ҳамчунин ба як корвони низомиёни хориҷӣ дар шаҳристони Багром дар 64 километрии шимоли Кобул ҳамла ва ду тани дигарро захмӣ карданд.

Дар ин баёния омадааст, дар ин ҳамла ҳамчунин як мошини зиреҳии низомиёни хориҷӣ мунфаҷир шудааст.