Август 05, 2018 15:27 Asia/Dushanbe
  • Бозигари машҳури амрикоӣ намояндаи вижаи Русия барои робита бо Амрико

Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, як бозигари амрикоиро ба унвони намояндаи вижа барои равобити башардӯстона миёни Вашингтон ва Маскав баргузидааст.

Вазорати хориҷаи Русия хабар дод, Стивен Сигал, таҳиякунанда ва бозигари амрикоиро барои таъмиқи равобити фарҳангӣ, ҳунарӣ ва ҷавонони Амрико бо Русия интихоб кардааст.  

Владимир Путин, раисҷумҳури Амрико соли 2016 як гузарномаи русӣ ба ин бозигари амрикоӣ дода буд.