Август 05, 2018 20:17 Asia/Dushanbe
  • Русия бар колоҳои амрикоӣ тарифа вазъ кард

Маскав дар вокуниш ба тарифаҳои Вашингтон бар фулод ва алюминиюми содиротии Русия, барои бархе маҳсулоти воридотӣ аз Амрико тарифаи ҷадид вазъ кард.

Русия аз имрӯз бар воридоти мошинҳо ва мошинолоти сангин ва роҳсозӣ, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ҳаффории нафт ва газ, абзорҳои фарварии филизот ва ҳаффори сахраҳо аз Амрико тарифаҳои ҷадиди 25 то 40 дарсадӣ вазъ кардааст.  

Максим Урашкин, вазири тавсеаи иқтисодии Русия пештар эълом карда буд: Тарифаҳои изофӣ, ки Русия бар колоҳои амрикоӣ вазъ мекунад, солона 87.6 миллион доллар хоҳад буд.

Русия метавонад дар шароити кунунӣ бар асоси усул ва меъёрҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ то ин сатҳ тарифа эъмол кунад.

 

Барчасп