Пампео ва такрори иддаоҳои беасос алайҳи Эрон
Вазири хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе бори дигар ба такрори иттиҳомот ва иддаоҳои беасоси худ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Майк Пампео дар гуфтугӯ бо шабакаи “Метро”-и Индонезия муддаӣ шуд, Эрон бузургтарин ҳомии терроризм аст.
Вазири хориҷаи Амрико афзуд, Вашингтон ба дунболи мутаваққиф кардани иқдомоти Эрон аст.
Майк Пампео пеш аз ин низ ҳамсӯ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳимоят аз терроризм ва анҷоми иқдомоти мухарриб дар Ховари Миёна муттаҳам карда буд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ - саҳюнистӣ дар минтақа дорад.
Эрон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико ва муттаҳидонаш дар Ироқ ва Сурия ба дархости расмии ин кишварҳо, кумаки машваратӣ ба онҳо ироа мекунад; иқдоме, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба мазоқи Амрико нест.
Кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ироқ ва Сурия дар солҳои ахир ба воситаи ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико аз гурӯҳҳои террористӣ, омоҷи ҳамалот, ноамнӣ ва куштори мардуми бегуноҳи худ будаанд.