Қрим пойтахти фарҳангии Русия мешавад
Давлати Русия қасд дорад дар чорчӯби тарҳе нимҷазираи Қримро ба пойтахти фарҳангии ин кишвар табдил кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, қарор аст дар чорчӯби ин тасмими давлати Русия шаш шоҳкори ҳунарӣ, ки дар галереяҳо ва музейҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ба Қрим интиқол ёбанд.
Бар асоси ин гузориш, ин тарҳ, ки ба ибтикори Олга Голодетс, муовини нахуствазири Русия поягузорӣ шудааст, шомили таъсиси толорҳои опера, театр, музей, синамо ва марокизи омӯзиши ҳунарӣ аст.
Муовини нахуствазири Русия ҳадаф аз проекти табдили Қрим ба пойтахти фарҳангиро равнақи гардишгарӣ дар ин минтақа эълом кард ва гуфт, аз замони ифтитоҳи пул миёни Қрим ва шабакаи ҳамлунақли Русия дар моҳи майи соли 2018, якуним миллион гардишгар аз он истифода кардаанд.
Нимҷазираи Қрим дар соли 2014 аз Украина ҷудо шуд ва ба Русия пайваст.