19 коршинос: Асноди Нетаняҳу алайҳи Эрон ҷаълӣ аст
Август 06, 2018 17:47 Asia/Dushanbe
19 тан аз шахсиятҳои барҷастаи иттилоотӣ дар Амрико бо ҳушдор дар бораи тавассул ба асноди режими саҳюнистӣ дар бораи Эрон, ин аснодро ҷаълӣ хонданд.
Ба нақл аз Consortiumnews, ин мақомҳои собиқи вазорати хориҷа, созмони иттилооти марказӣ ва Ожонсии амнияти миллӣ дар Амрико дар ёддоште хитоб ба Доналд Трамп навиштанд, Телавив дар талош аст, то бо истифода аз иттилооти ҷаълӣ, Вашингтонро ба тақобул бо Эрон савқ диҳад.
Онон бо ишора ба асноди иддаоии давлати Ҷурҷ Буши писар дар бораи вуҷуди силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ироқ ҳушдор доданд, асноди иддаоии режими Исроил дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҳам шабеҳ ба он асноди иддаоӣ дар бораи Ироқ аст.
Барчасп