Август 08, 2018 13:25 Asia/Dushanbe
  • Шарти Вазорати хориҷаи Амрико барои дидори “бидуни пешшарт” бо Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико бо вуҷуди дархости Трамп барои гуфтугӯи “бидуни пешшарт” бо Эрон, барои ин гуфтугӯ шарт таъйин кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳизер Нойерт дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ба азсаргирии таҳримҳои Вашингтон алайҳи Эрон ишора ва дар изҳороти мутаноқизе эълом кард, Амрико ба иҷрои комили ин таҳримҳо мутааҳҳид ва дар талош барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷадид аст.

Нойерт бидуни ишора ба посухи равшани Эрон ба дархости Амрико барои музокира гуфт, тавофуқи ҷадиди Амрико бо Эрон, фақат шомили барномаи ҳастаӣ намешавад, балки барномаи мушакӣ ва ҳузури Эрон дар минтақаро низ дар бар хоҳад гирифт.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико 30 –юми июл гуфта буд, ҳозир аст бидуни ҳеҷ пешшарте бо мақомоти Эрон мулоқот ва музокира кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар як барномаи телевизионӣ ба дархости Трамп барои музокира бо Эрон ишора кард ва гуфт, музокира бояд мубтанӣ бар садоқат ва пойбандӣ ба тааҳҳудот бошад, ки мақомоти амрикоӣ аз он бебаҳра ҳастанд ва дар шароити эъмоли таҳримҳои золимона ва ғайриқонунӣ наметавонанд муддаии дархости музокира бошанд.

 

Барчасп