Интиқоди Афғонистон аз Амрико ба далели таҳримҳои зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37213-Интиқоди_Афғонистон_аз_Амрико_ба_далели_таҳримҳои_зидди_Эрон
Вазорати хориҷаи Афғонистон аз Амрико ба хотири таҳримҳои ин кишвар зидди Эрон интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2018 15:35 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Афғонистон аз Амрико ба далели таҳримҳои зидди Эрон

Вазорати хориҷаи Афғонистон аз Амрико ба хотири таҳримҳои ин кишвар зидди Эрон интиқод кард.

Вазорат эълом кард, Амрико набояд тиҷорати Эрон ва Афғонистонро шомили таҳримҳои худ кунад, зеро бисёре аз зерсохтҳои Афғонистон бо мушкилоти бисёре рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Вазорати хориҷаи Афғонистон бо ибрози нигаронӣ аз таҳримҳои Амрико зидди Эрон таъкид кард, бандири Чобҳори Эрон, ки ба равзанаи ҷадиде аз ҳамкориҳои иқтисодии Эрон, Афғонистон ва Ҳинд табдил шудааст ва заминаи даст ёфтани Афғонистон ба бандарҳои ҷаҳониро фароҳам месозад, набояд шомили таҳримҳои Амрико шавад.