Август 08, 2018 21:03 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Чин ва Русия бо таҳримҳои зиддиэронии Амрико

Вазоратхонаҳои хориҷаи Чин ва Русия мухолифати Пекин ва Маскавро бо бозгашти таҳримҳои Амрико зидди Эрон эълом карданд.

Вазорати хориҷаи Чин бо интишори баёнияе зимни мухолифат бо таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Амрико зидди Эрон эълом кард, равобити тиҷории Чин ва Эрон нақзкунандаи қатъномаҳои Созмони милал нест ва ба ҳамин далел идома хоҳад ёфт.

Дар баёния омадааст: Чин бетаваҷҷуҳ ба таҳримҳои якҷонибаи Амрико, равобити иқтисодӣ ва тиҷории худро бо Эрон ҳифз хоҳад кард.

Вазорати хориҷаи Чин дар баёнияи худ ҳамчунин таҳримҳои Амрико зидди Эронро якҷонибагароии Вашингтон дар ҷаҳон донист.  

Ҳаҷми равобити иқтисодии Эрон ва Чин дар чаҳор моҳаи нахусти 2018 ба 13.2 миллиард доллар расид, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 9.3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Вазорати хориҷаи Русия низ сешанбе шаб дар баёнияе бори дигар бар пойбандии ин кишвар ба тавофуқи ҳастаӣ таъкид кард.

Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, Маскав ҳамаи иқдомоти лозимро барои ҳифз ва иҷрои комили БАРҶОМ сурат хоҳад дод.