Август 10, 2018 19:29 Asia/Dushanbe
  • Амрико шарики ҷинояти эътилофи Саудӣ дар Яман

Сенатори амрикоӣ, давлати Амрикоро ба иллати ҳимояти таслиҳотӣ аз Риёз, шарики ҷиноёти Арабистони Саудӣ дар Яман донист.

Ба гузориши хабаргузории Миср, Берни Сандерс, сенатори мустақили амрикоӣ гуфт, ки давлати Амрико бо ҳимоят аз эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистон барои ҳамла ба Яман, шарики ҷинояти режими Оли Сауд аст.

Сандерс дар вокуниш ба ҳамлаи ҷангандаҳои арабистонӣ ва иморотӣ ба як автобуси ҳомили кӯдакони яманӣ дар Саъда, афзуд, Вашингтон бо ҳимояти таслиҳотӣ ва фароҳам кардани шароити сӯхтгирӣ барои ҷангандаҳои эътилофи арабӣ ва кумакҳои амалиётӣ дар ин ҷиноят ҳамдаст аст.

Вазорати умури хориҷаи Амрико, дар вокуниш ба ин ҳамла бидуни маҳкум кардани он аз Арабистон хост, дар ин замина таҳқиқи дақиқ ва ҷомеъ ироа кунад.

Вазорати беҳдошт Яман эълом кард, бар асари ҳамлаи рӯзи панҷшанбеи ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизон ба саркардагии Арабистон ба автобуси ҳомили кӯдакони яманӣ дар шаҳри Заҳёни устони Саъда, 50 нафар кушта ва 77 тан низ захмӣ шуданд.

 

Барчасп