Август 11, 2018 13:56 Asia/Dushanbe
  • Паёми Доналд Трамп ба Раҳмон дар робита бо ҳамла ба гардишгарон

Раисҷумҳурии Амрико рӯзи 10 –уми август дар як паём ба ҳамтои тоҷики худ аз вокуниши фаврии Ҳукумати Тоҷикистон дар амри таъқиб ва боздошти қотилони гардишгарони амрикоӣ дар Данғара сипосгузорӣ кард.

Ба гузориши дафтари хадамоти матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Доналд Трамп рӯзи 10 -уми август дар як паём ба Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ҳамлаи хунин алайҳи гардишгарони хориҷӣ дар Данғара, аз омодагии кишвараш барои кумак ва мусоидат дар баррасии он ҳамла хабар дод.

Дар паёми Доналд Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сомонаи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон мунташир шуда, омадааст: “Аз Шумо барои фиристодани номаи таслият пас аз ҳамлаи террористии бемантиқ, ки рӯзи 29 - уми июли соли 2018 рух дод ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди амрикоӣ ва ду гардишгари хориҷии дигар кушта шуданд, изҳори сипос менамоем”.

Трамп аз вокуниши фаврии Ҳукумати Тоҷикистон дар боздошти омилони ин ҷинояти фаҷеъ қадрдонӣ карда, афзудааст: “Ин ҳодиса баёнгари зарурати ҳамкории дақиқтар ва табодули маълумот байни кишварҳои мо дар ояндааст”.

Рӯзи 29 – уми июл дар ноҳияи Данғара, дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористӣ ба ҷаҳонгардони дучархасавори хориҷӣ, чаҳор ҷаҳонгард кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.