Русия: Амрико барои ҳалли мушкилоти молии худ дигаронро таҳрим мекунад
Август 11, 2018 15:12 Asia/Dushanbe
Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои посух додан ба мушкилоти молӣ ва касрии манобеи худ даст ба таҳримҳои якҷониба алайҳи дигар кишварҳо мезанад.
Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия афзуд, Амрико манобеи кофӣ барои посух додан ба мушкилоти дохилии худ надорад, аз ин рӯ барои тавсеаталабӣ ва тааррузи сиёсӣ, молӣ ва иқтисодӣ ба таҳрими дигар кишварҳо рӯй овардааст.
Вай бо ишора ба инки манобеи ҳосил аз таҳримҳо, сарфи хуруҷи Амрико аз буҳронҳои дохилии он мешавад, афзуд: Амрико бо вазъи таҳримҳои ҷадид сабаби тадовуми бунбаст дар равобит бо Русия мешавад.
Барчасп