Август 13, 2018 16:09 Asia/Dushanbe
  • Макдоналд иллати масмумият ва бемории садҳо нафар дар Амрико

Ба гуфтаи мақомоти беҳдошт ва саломати Амрико беш аз 400 нафар дар ин кишвар бар асари хурдани салади Макдоналд мубтало ба бемории ангалӣ ва уфунати рудаӣ шуданд.

Ба нақл аз мақомоти беҳдошти Амрико, истифода аз махлути коҳу ва сабзиҳои истифодашуда дар салади ресторани Макдоналд, иллати вуқуи бемории ангалӣ ва уфунати Сиклоспориазиз эълом шудааст.

Шуюи уфунати Сиклоспориазиз, ки метавонад омили исҳоли хеле шадид шавад- аввалин бор дар моҳи май гузориш шуд ва далели он низ махлути коҳу ва сабзии истифодашуда дар салади ресторани Макдоналд аст.