Иттиҳоди Аврупо пайгири ҷуброни хисороти ширкатҳои фаъол дар Эрон аст
Вазири умури хориҷии Австрия, ки кишвараш раёсати Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда дорад, эълом кард, ин иттиҳод дар талош аст, хисорати ширкатҳои фаъол дар Эронро ҷуброн кунад.
Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон, Карин Кнеиссл (Karin Kneissl) дар остонаи нишасти ғайрирасмии вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Вена аз сиёсатҳои якҷонбагароёнаи Вашингтон дар арсаи ҷаҳонӣ интиқод карда гуфт, сиёсатҳои Амрико ноамниро афзоиш медиҳанд. Кнеиссл гуфт: «Мавзӯъ бар сари ҳокимияти қонун аст. Вақте бар сари тааҳҳудоте монанди тавофуқи ҳастаӣ ва ё узвият дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ, ки худ эҷод кардаем, боқӣ намемонем, ноамнӣ афзоиш меёбад». Вазири умури хориҷии Австрия гуфт, бозгашти таҳримҳои ҳастаии Амрико алайҳи Эрон метавонад мутаваҷҷеҳи ширкатҳои аврупоӣ шавад ва ӯ талош карда, ба амрикоиҳо тавзеҳ диҳад, ки чунин раванде ба нафъи Чин аст.
Трамп 8-уми майи имсол хориҷ шудани Амрико аз БарҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эронро эълом кард ва аз 7-уми август нахустин марҳалаи ин таҳримҳоро ба иҷро гузошт. Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо эълом кардаанд, ки ба БарҶОМ пойбанданд ва аз идомаи фаъолияти ширкатҳои аврупоӣ дар Эрон ҳимоят мекунанд.