Чин хабари боздошти густардаи мусулмононро рад кард
Август 14, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
Давлати Чин гузоришҳои як ҳайъати Созмони милали муттаҳидро дар бораи боздошт ва нигаҳдории ҳудуди як миллион нафар аз мусулмонони ғарби ин кишвар, рад кард.
Ҳу Лиёнха аз мақомоти аршади Ҳизби коммунисти Чин дар вокуниш ба иддаоҳои як ҳайъати Созмони милал, ки аз боздошт ва нигаҳдории беш аз як миллион нафар аз мусулмонони қавми Уйғур дар урдугоҳҳои бозомӯзии ғарби ин кишвар хабар дода буд, гуфт: Ин иддаоҳо бо ҳадафи эҷоди тафриқа дар Чин матраҳ шудааст.
Вай афзуд: Давлати Чин аз мусулмонони Уйғур дар устони ғарбии Синзян ҳимояти ҳамаҷониба мекунад.