Таҳрими колоҳои электронии Амрико дар Туркия
Август 14, 2018 20:26 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Туркия аз таҳрими колоҳои электронии тавлиди Амрико дар он кишвар хабар дод.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷамъи мардуми Анкара гуфт: Туркия барои муқобила бо сиёсатҳои иқтисодии нобихирадона ва ғайримантиқии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз ин пас колоҳоеро, ки бо арз ворид кардааст, худ тавлид ва ба кишварҳои дигар содир хоҳад кард.
Эрдуғон гуфт, сиёсатҳои иқтисодии Трамп зидди Туркия бо ҳеҷ ақл ва мантиқе созгорӣ надорад.