ДИИШ, масъули ҳамлаи террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37415-ДИИШ_масъули_ҳамлаи_террористии_рӯзи_чаҳоршанбе_дар_Кобул
Гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар минтақаи шианишини Кобул (пойтахти Афғонистон)-ро бар ӯҳда гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 16, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ, масъули ҳамлаи террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул

Гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар минтақаи шианишини Кобул (пойтахти Афғонистон)-ро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, як омили террористии рӯзи чаҳоршанбе, вориди як маркази омӯзишӣ дар минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби Кобул шуд ва бомби ҳамроҳи худро мунфаҷир кард.

Дар ин ҳодиса, 34 ғайри низомии афғон кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Пештар манобеи афғон, шумори куштаҳои ин инфиҷорро 48 нафар эълом карда буданд.