Хонуми вазир барои вазъи ҳамл бо дучарха ба бемористон рафт
Август 20, 2018 16:18 Asia/Dushanbe
Вазири умури занони Зеландияи Нав барои вазъи ҳамл бо дучарха ба бемористон рафт.
Ҷулие Анне Гентер, ки вазорати ҳамлу нақлро ҳам бар уҳда дорад ва ҳомии муҳити зист аст, фосилаи як километрии маҳалли сукунат то бемористони шаҳри Окландро бо дучарха тай кард.
Вай то поёни даврони зоимони худ ҳамчунон ба тааҳҳудоташ дар мавриди муҳити зист пойбанд буд ва бо дучарха барои зоимон рафт.