Август 21, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
  • Таваллуди як навзод дар саҳрои Арафот

Нахустин навзоди маросими ҳаҷи имсол, рӯзи душанбе дар бемористони саҳроӣ дар саҳрои Арафот мутаваллид шуд.

Дар ҳоле, ки зоирони мусулмон рӯзи душанбе баробари бо рӯзи арафа машғули дуо ва ниёиш буданд, як зани урдунӣ дар бемористони Ҷабалалраҳмаи Арафот навзоди писаре ба дунё овард.

Модару фарзанд ҳар ду дар саломатии комил ба сар мебаранд.

Падари ин кӯдак навзодашро Вадаҳ номгузорӣ кардааст.