Таъкиди уламои кишварҳои Осиёи Марказӣ бар зарурати тақвияти иттиҳоди мусулмонон
Август 21, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
Уламои кишварҳои Осиёи Марказӣ иттиҳоди мусулмононро дар баробари душманони ислом зарурӣ донистанд.
Ба нақл аз Форс, уламои кишварҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар маросими ҳаҷи имсол ҳузур доранд, рӯзи душанбе дар саҳрои Арафот дар ҷануби шарқи Маккаи мукаррама барои ҳамандешӣ гирд омаданд.
Уламои ҳозир дар ин гирдиҳамоӣ бо ташреҳи таҳаввулоти ахири ҷаҳони ислом эълом карданд, замони он фаро расидааст, ки мусулмонони ҷаҳон барои дифоъ аз арзишҳои исломӣ дар баробари душманон биистанд.